ПАЙВАНД ЊОЛЛАНД
 
|
 


 

Рахмонов: Фарханг марз надорад

 

Душанбе дахуми октябр ки рузи чумхурии Точикистон дар ЮНЕСКУ буд, баъд аз барномаи муфассали мусики ва раксу овоз аз даъват шудагон бо газохо ва ширинихо ва нушиданихои точики пазирои ба амал омад ва ва окои Эмомали Рахмонов ду соъатеро дар миёни мехмонон ва хунармандони точик гузоранд.

Раиси чумхури Точикистон ки дар тамоми ин муддат адами тамоюли худро ба гуфтугу бо хабарнигорон нишон дод, хангоме ки озими истирохатгохаш буд, пазируфт, ки бо у гуфтугуе дошта бошам.

Фишурдае аз ин гуфтугуро дар ин чо мехонед:

Мо миллати кучаке нестем.

Нахустин саволи ман ин буд, ки дар бораи умури фархангии имрузи Точикистон ва синамои он чи назаре дорад ва тарххои эшон барои оянда чист?

«Бисёр хуб аст. Имруз садо ва симои чумхурии Точикистон дар тамоми дунё пахш мешавад. Имруз барои аввалин бор дар фарханг ва таърихи миллати точик, рузи фархангии Точикистон дар ЮНЕСКУ баргузор кардем ва барои ман ба унвони раиси чумхур ин кор арзиши бисёр дорад, чун ки точикхо бо таваччух ба собикаи таърихи, усулан миллате фарханги хастанд.»

«Имруз бори дигар ба чахониён собит кардем, ки мо миллати кучаке нестем ва бояд бигуем хидмате ки тамаддуни ориёи, ба тамоми чавомеъи чахон карда, хидмати бисёр бузург ва гутсарда будааст."

Набояд исломро ба дасти терруристхо рахо кунем

Раиси чумхури Точикистон бо ишора ба мачмаъаи умумии ЮНЕСКУ ки
дар Порис баргузор аст гуфт:

«Ман фикр мекунам, рузхои бисёр хубе аст ки намояндагони аксари миллатхо дар инчо хузур доранд ва ман харфхоямро дар он чо задам.»

"Ин рузхо тамоюлоти шадиде барои бадном кардани мардуми мусалмон вучуд дорад ва ин боъиси нигаронии ман аст. Дар Точикистон беш аз наваду хашт дарсад мардум мусалмонанд ва мо намехохем ки Ислом зери ановини «террурисм» ва «Ифротгаройи» бадном шавад.»

Окои Рахмонов бо ишора ба лузуми баркарории гуфтугуи бевосита байни тамаддунхо ва фархангхо гуфт: Мо набояд бигуем ин кишвар бузург аст ва ин кишвар кучак аст. На! Баръакс мо бояд иззату эхтиром ба фарханг ва тамаддун ва забони дигар миллатхо дошта бошем. Ин зебост"!

Агар зиддиятхо идома ёбад ва «террурисми исломи» идома ёбад, саранчом моро ба бадбахтии бузурге мерасонад, ки хеч кудрате хатто пешбиниашро хам наметавонад бикунад.

Фарханг марз надорад

Раиси чумхури Точикистон дар бораи пазириши фархангхои мутафовут гуфт: «Ман имшаб медидам ки намунахои фарханги урупойи дар барномаи фархангии Точикистон буд. Мусики марз надорад. Фарханг марз надорад ва хама мавонеъро аз сари рох бармедорад. Хар фарханге барои хар миллате боъиси ифтихор аст. Чаро мо онро инкор кунем. Баръакс мо бояд бехтарин фархангхои дигари чавомеъи чахониро бипазирем ва ончиро ки мураввичи фахшо ва хушунат ва куштор аст, на факат барои точикхо, барои хамаи фархангхо мардуд бидонем.»

«Фарханг кишвархои дуст ва бародари мо Эрон, Афгонистон, Покистон ва хато Хиндустон ба мо наздик аст. Филмхои синамойи онхо ба мо хеле наздик ва таъсири тарбияти ва омузиши дорад. Мо чаро факат бигуем Хиндустон, аммо аз «Холивуд» нагуем? Чаро аз онхо наёмузем? Инхама музе дар Порис хаст, чаро мардуми мо аз он дидан накунанд.»

Соли тамаддуни ориёи

Аз раиси чумхурии Точикистон пурсидам синамои Точикистон он пешрафтеро ки бояд баъд аз фурупошии шурави мекард, накард, дар ин бора чи назаре доред?

«Барои синамогарон дар Точикистон хеч марзе вучуд надорад. Хеч мушкиле вучуд надорад. Агар заррае кумак барои хамкори ва рушди синамои мо вучуд дошта бошад, мо хамеша омода хастем. Соли оянда барои Точикистон як соли таърихи хохад буд. Соли тамаддун ва фарханги ориёи аст. Соли тамоси бештари Точикистон ва форси забонони дунёст, соли ду хазор хафтсад солагии шахри бостонии Кулоб аст. Ман шуморо даъват мекунад, ки бо мо бошед.»

Ба ман ифтихор медихед. Аз дидори шумо хушхол шудам ва аз ин гуфтугу бисёр сипосгузорам.

Шохрухи Гулистон, Гузорише аз гуфтугу бо раиси чумхури Точикистон дар Порис

BBC 10-10-2005