ПАЙВАНД ЊОЛЛАНД
 
|
 


 

Бузургдошти рузи истиклол дар Точикистон

Рузи чумъаи 9 сентябр дар Точикистон аз чахордахумин солгарди истиклоли ин кишвар тачлил ба амал омад.
Харчанд аз субх хазорон тан аз сокинони шахрхо ва навохии Точикистон ба хиёбонхо рехтанд, вале имсол тачлил аз ин руз бидуни шукух ва шахомати пешин сурат мегирад. Шахрдории Душанбе гуфтааст, ки соддагии тачлил аз чашни истиклол дар соли чори ба манзури сарфачуии маблаг сурат гирифтааст.

Харчанд шахрдории Душанбе имруз дар навохии мухталифи шахр барномахои тафрехи тахия ва ичро мекарданд, вале дар мукоиса бо солхои кабли дар хиёбонхо ва поркхои ин шахр теъдоди камтари сокинони пойтахти Точикистон, ки аз рузи истиклол тачлил мекунанд, мушохида мешуд.

Ба гуфтаи Шавкат Саидов сухангуи шахрдории Душанбе тадорукоти расми бахшида ба бузургдошти истиклол дируз ба поён расида ва имруз баргузории танхо барномахои тафрехи дар назар ааст

Окои Саидов афзуд, ки дар
остонаи рузи истиклол дар шахри Душанбе як сипмозиюми байналмиллалии, мусобикоти байналмиллалии теннис ва кушти баргузор шуданд.

Вай афзуд: «Дируз бо ширкати раиси чумхури Точикистон як хамоиши расми бахшида ба рузи истиклол баргузор шуд. Ин нахваи баргузории чашни истиклол дар соли чори ба манзури омодаги барои тачлили чашни 15-мин солгарди истиклол дар соли оянда сурат гирифтааст. Хамчунин ин
амр заминаи сарфачуии
маблагро низ думбол мекунад».

Дар хамин хол дар шахри Хучанд низ дар хиёбонхо ва поркхои маркази вилояти Сугд мизони камтари алокамандони тачлил аз рузи исиклол мушохида шудааст.

Адиба Умарова, як хабарнигори махалли дар шахри Хучанд таввассути телефун дар ин бора гуфт: «Рузи сеюм аст, ки дар шахри Хучанд тадорукоти чашни истиклол идома дорад. Вале имруз дар хиёбонхо теъдоди мардум дар мукоиса бо солхои кабли камтар аст. Шояд мардум аз барномахои чашни хаста шудаанд, зеро рузи аввал кунсерте бо ширкати гурухи «Ялла» аз Узбакистон ва дируз бо ширкати овозхонони вилоят баргузор шуда буд».

Аммо дар вилояти худмухтори Бадахшони Точикистон бузургдошти рузи истиклол бо ширкати макомоти устондори бо шукух баргузор шудааст. Азимхон Амидхонов, хабарнигори родиюи Точикистон дар ин вилоят дар сухбат бо ВВС гуфт, ки дар куллия навохии ин устон аз субх тадорукоти чашни сурат гирифта ва дар онхо теъдоди зиёди сокинон ширкат кардаанд

Вай афзуд: «Дар шахри Хоруг умдатан дар ин фасли сол хаво абролуд ва сард аст, вале имруз аз субх хаво офтоби ва нарм аст ва ба ин далел теъдоди зиёде аз сокинони ин шахр ба хиёбонхо рехтаанд ва барои онхо барномахои тафрехи ичро мешавад».

Дар хамин хол, дар шахрдории Душанбе гуфтанд, ки шоми имруз дар майдони марказии пойтахти Точикистон бо ширкати овозхонони шинохта консарти бузурге баргузор хохад шуд ва дар поёни он ба ифтихори рузи истиклол аз тупхо шиллики салом дода хохад шуд.

Искандари Фируз
аз Душанбе

BBC 08-09-2005