ПАЙВАНД ЊОЛЛАНД
 
|
 


 

Бузургдошти рузи истиклол дар Точикистон

Рузи панчшанбе (8 сентябр) дар Кохи Борбади шахри Душанбе бо ширкати макомоти баландпояи давлати Точикистон, намояндагони кишвархои хоричи ва созмонхои байналмилали ва мехмонони чашни истиклоли ин кишвар чаласаи бузургдошт аз 14-умин солгарди истиклоли Точикистон баргузор шуд.
Дар ин чаласа Эмомали Рахмонов, раиси чумхурии Точикистон суханрони карда ва дастовардхо ва мушкилоти даврони истиклоли ин кишвар ва дурнамои рушди иктисоди ва ичтимоъии Точикистонро ба сурати муфассал мурур кард.

Кохи Борбад, махалли баргузории чаласаи бузургдошт аз 14-умин солгарди истиклоли Точикистон тахти мурокибати шадиди нерухои интизоми ва амниятии ин кишвар карор дошт. Хабарнигорони расонахои зиёди хоричи ва дохили, ки барои пушиши ин чаласа ба Кохи Борбад омада буданд, ба дохили толор рох наёфтанд.

Аммо паёми табрикоти ва суханронии Эмомали Рахмонов, раиси чумхурии ин кишвар ба сурати мустаким аз тарики телевизиюни давлатии Точикистон намоиш дода шуд.

Раиси чумхурии Точикистон дар ин суханронии худ ба сурати муфассал дастовардхо ва мушкилоти 14 соли даврони истиклоли ин кишварро мурур ва дурнамои рушди иктисоди ва ичтимоъи дар Точикистонро низ бозгу кард.

Бахши аввал ва умдаи суханронии окои Рахмонов ба зарурати пос доштани фарханг ва тамаддуни ориёи, ки ба гуфтаи окои Рахмонов «миллати точик яке аз ворисони ин фарханг ва тамаддун аст», арчгузори ба забони точики ё ба таъбири раиси чумхури Точикистон ба «забони форсии точикии дари» ва рушди фарханг ва андешаи милли ихтисос дошт.

Окои Рахмонов гуфт, ки дар мархалаи феъли, таъмини амнияти милли ва давлати, суботи сиёси ва рушди пойдори иктисоди ва ичтимоъи аз чумлаи масоиле хаст, ки давлат ба онхо таваччухи хос дорад.

Раиси чумхурии Точикистон дар ин бора афзуд, ки дар хар мархалаи рушд хатароте пояхои давлатдори ва истиклоли давлатро тахдид мекунад.Вай аз арзёбии чихатгиронаи террурисм ва нисбат додани он ба дини ислом ва тахти фишор карор додани мардуми мусалмон дар бархе аз кишвархои чахон ба бахонаи иртиботи онхо бо террурисм интикод кард ва гуфт, ки «бо махкум кардани дини ислом ва эъмоли фишор ба мусалмонон аз байн бурдани террурисм гайримумкин аст.»

Раиси чумхурии Точикистон дар ин бора афзуд: «Борхо аз минбари Созмони Милали Муттахид ва созмонхои дигари бонуфузи чахони таъкид кардаем, ки терурисм ба мазхаб ва миллат таъаллук надорад. Хамзамон террурисмро танхо бо истифода аз кувва аз байн бурдан намешавад. Баръакс, бо назардошти омилхои пайдоиш ва густариши он бояд давлатхои пешрафта ба кишвархои акабмондаву дар холи рушд ва дар кохиши мизони факр дар чахон кумак карда ва гуфтугуи тамаддунхоро густариш бидиханд».

Ба эътикоди окои Рахмонов террурисм, ифротгарои ва кочоки маводди мухаддир амнияти чахонро дар мачмуъ бо хатар ру ба ру сохтааст: «Террурисм, ифротгарои ва гардиши гайриконунии маводди мухаддир бо ифротгароии сиёси ва дини ва чиноятхои созмонёфтаи фаромилли иртиботи ногусастани дошта ба амнияту оромиши на танхо кишвархои алохида, балки тамоми чомеъаи чахони хатар дорад».

Дар бахши дигаре аз суханони худ окои Рахмонов аз демукроси сухбат кард ва гуфт, ки Точикистон дар саргахи рушди демукроси карор дорад.

Ба гуфтаи вай чомеъаро ба таври маснуъи ё тахмили табдил ба як чомеъаи демукротик кардан мумкин нест. Раиси чумхурии Точикистон суботро омили мухимми бунёди давлати демукротик хонд.

Окои Рахмонов аз пружахои энержи, иртиботот ва рушди иктисод ва саноеъи милли дар чанд соли ахир ном бурд ва ин тарххоро чузъи мухиммтарин бахшхои барномаи ислохоти иктисоди ва ичтимоъии давлати ин кишвар хонд.

Раиси чумхурии Точикистон гуфт, ки ичрои бомуваффакияти барномаи ислохот боъиси кохиши кобили мулохизаи сатхи факр дар ин кишвар дар чахор соли ахир шудааст: «Дар муддати чахор сол панчяки чамъияти кишвар, яъне беш аз як милюну дувист хазор аз факр рахои ёфтанд».

Бо ин хама ба гуфтаи раиси чумхури, Точикистон тоза дар огози мархалаи тавсеъаи пойдори худ карор дорад ва сатхи зиндагии мардуми ин кишвар хамчунон мувофики матлаб нест. Вай афзуд, ки дар оянда низ бехбуди вазъи ичтимоъии мардум дар садри барномахои ислохоти давлат карор хохад дошт.

Пас аз анчоми суханронии раиси чумхурии Точикистон барои ширкаткунандагони чаласаи бузургдошти солгарди истиклоли ин кишвар як барномаи мусики ва хунари намоиш дода шуд.

 

Сухроби Зиё
аз Душанбе

BBC 08-09-2005