ПАЙВАНД ЊОЛЛАНД
 
|
 



Пардаи бозшуда бар зиндагонии Фуруги Фаррухзод

Нашри китоби тозае аз номахои Фуруги Фаррухзод ба хамсараш Парвизи Шопур ки ба кушиши писари у Комёри Шопур ва Умрон Салохи бо унвони "Аввалин тапишхои ошиконаи калбам" дар Эрон даромад (Техрон: Марворид, 1381), дерест ки зехнамро машгул кардааст.
Барои ман ин номахои Фуруг дар замоне расид, ки фикрхои худро ва хукмхои худро гуё аз Фуруг сохта будам ва тасвири хаёлии уро дар зехни худ бофта будам. Алокаманди бар шеъри у ва ташнаги бар ошнои бо рузгори у маро ва хеле аз хонандагони точики уро зудбовар карда буд.

Холо аввалин тапишхои ошиконаи калбаш баъд аз 38 сол аз марги у ба мо расида ва харфхоеро аз забони ширин ва маъсумонаи Фуруг мегуяд ва бовархои шишаии каблии маро зарра-зарра намудааст ва аз он заррахо шаклхои тоза ва пурчилои дигаре сохтааст. Аммо ман ки холо мефахмам дунёи Фуруг дунёе бо меъёрхои маъмул нест.

Аввалин ошноии ман бо Фуруг ва милионхо точикони дигар хамчунон тавассути хамон як китоб бо тахияи устод Наима Каххорова аст. Барои дарки дуруст аз шеър бояд дарки дуруст аз шоир ва манзури у аз вокеоти атрофи у ва хатто зиндагонии хусусии у бояд дошт, то осонтар тавон дарк кард ки мухотаби айнии шоир кист ва сарчашмаи дард ва ноумедии у аз кучо сар задааст ва кист душману бадхохи у ва кист он хушбахти замон ки Фуруг барои у гиристааст ва шабхоро ба ёди у нахуфтааст.

Ман беш аз понздах сол фикр мекардам, Фуругро дар синни хаждахсолаги ичбори ба марде аз худ бузургсолтар никох кардаанд ва вакто Фуруг баъд аз таваллуди писараш такозои чудои бо он шавхари "чаббори" худ мекунад то ба ин рох аз зулми хонаводаи маъмули ва хама мукобили у низ рахои ёбад, писари азизаш Комёрро аз у ба зур мегиранд ва ба дасти шавхар ва модарарусаш месупоранд. Фуруг чун модари чабрдида ва чавонзани комилан танхо бе хеч чизу чорае панох ба огуши волидайни худ мебарад ва хар вакт ки такозои дидор бо писари азизи худ мекунад, хохиши у рад мешавад.

Ин чехраи ба истилох точиконаи Фуруг аст ки дар зехни ман шакл гирифта буд. Холо ки бештар аз ихтилофи кавонини чомеъаи Эрон ва чомеьаи мо точикон медонам бароям равшан аст ки баъд аз талок тарбияти фарзанд ба модар супорида намешавад, ки комилан бар акси кавонини чомеьаи мо точикон аст. Яъне ин ходисаи маъмули руз дар Эрон аст, ки метавонад бар сари хар зане ки такозои талок кардааст биёяд. Ва издивоч бо марди бузургсол дар чомеьаи мо точикон чун хеле ва хеле хам кам иттифок меуфтад ва як ходисаи комилан феодали ва хамчун робитаи нобаробар талакки мешавад, дарки нодуруст аз зиндагонии Фуруг ва аксуламали ичтимои медихад.

Аммо биёед аз номахои Фуруг бихонем, ки у аз худ чи мегуяд. Фуруге ки дар хонаводаи волидайн орзуи утоки чудогона ва як ганчае дошт, ки дари онро мешуд куфл зад то дигар аъзои хонавода ба он даст надошта бошанд, халосии худро дар ишк дид, дар ишки марде ки ба кавли худи Фуруг метавонист ба хамаи саволхои у бо сарохат ва бо дурусти чавоб бидихад. Ин мард Парвизи Шопур, танзнавис ва нависандаи эрони буд, ки танхоии Фуруги шонздахсоларо бо издивоч пур кард, аммо хуб огох буд ки Фуруг гарчанд гушанишин буд ва ахли кучаву бозор набуд, зани оддие низ набуд, ки хамеша моли у ва факат моли у боки бимонад. Ин номахо чехраи Парвизро баракси донистахои ман, хамчун ягона дуст ва ягона пуштибони Фуруг дар солхои балогат ва замони издивоч ва даврони

сахти интихоби байни хунар ва хонадории шоир муаррифи мекунанд аз забони хамеша махзуни Фуруг:

"Парвиз ман кучо ва хунар кучо. Ман хунарманд буда ва идаъои хунарманди кардаам. Ман ки аз хунари худ харфе задам, хунари ман факат фухш додан аст. Мурдашур он хунарро бибарад ки бихохад маро аз ту чудо кунад. Ман хунарро бе вучуди ту намехохам.

Чавобхои Парвиз ба ин номахои Фуруг чуноне ки Фуруг меорад, хамеша кутох ва сабурона ва мисли касе ки аз ояндахои дур огох бошад, ботамкин ва бародарона аст. Фуруг аст ки аз ишк мегуяд ва Фуруг аст ки уро тарк мекунад. Парвиз дуст буда ва дуст боки мондааст.

Ман хамеша дустдори як зиндагии ачибу пурходиса будаам, шояд хандаат бигирад агар бигуям ман дилам мехохад пиёда даври дунё бигардам ман дилам мехохад туи хиёбонхо мисли бачахо бираксам бихандам фарёд бизанам ман дилам мехохад коре кунам ки накзи конун бошад. Шояд бигуи табиати мутамоил ба гунохе дорам вале ин тур нест ман аз ин ки кори ачиб бикунам лаззат мебарам."

Фуруг баъзан нуктаву кавонини дигари навишториро дар номахои худ сарфи назар кардааст ва гирдовардагон низ номахоро дар шакли асли худ боки гузоштаанд, то самимият ва асолати онхоро нигах дошта бошанд.

Мо ки Фуругро ба чашми як зани одди ва як модари чавони мукаррари нигаристем ва бахо додем ва баъзан дуст доштем ва баъзан аз рафтораш шигифтзада шудем ва баъзан нафахмидем ки уро нафахмидаем, бояд ин номахои уро бодиккат бихонем то ба дунёи вокеии

зинданогии у сафари кутохе дошта бошем. Чое дигар, дар номаи дигаре ки барои мачаллаи махалли менависад, ки ман онро дар мачмуъи дигаре хондаам, гуё ин номахои худ ба Парвизро фаромуш карда бошад ва гуё интихоби худро карда бошад дар хамон солхое ки ин номахоро авиштааст, мегуяд:

" Беш аз хама чиз ва болотар аз хама чиз ба хунарам ва баъд ба писарам алока дорам ва орзуям ин аст ки писарам вакте бузург шуд як шоир ва ё як нависанда шавад. Бузургтарин орзуи ман ин аст ки як хунарманди вокеъи бошам ва хамеша саъй мекунам ба ин орзу бирасам ва чун китобро зиёд дуст дорам боз хам орзуям ин аст ки сатхи фарханги мамлакат боло биравад ва мардум хунарро ва арзиши вокеъии хунарро бештар дарк кунанд..." (Накл аз "Човидона зистан, дар авч мондан гирдоваранда Бехрузи Чалоли, Техрон, 1377, сах.58).

Фуруг ин номахоро дар бистбисту як солаги менавишт. Дар замоне ки аз шавхари худ чудо зиндаги мекард ва кори муайяне надошт чуз ин ки шеър бигуяд ва китобе баъд аз интизорихои зиёд бар ваъдахои ноширони мухталиф нашр кунад ва хаккикалами хамеша нокофие бигирад. Чуноне ки медонем гох-гох хайёти хам мекунад. Дар номахои "Аввалин тапиши ошиконаи калбам" Фуруг чандин дафъа аз кумакхои молии шавхари собики худ арзи миннатдори кардааст. Хусусан чое аз махрияе ки Фуруг худ нахоста буд аз шавхараш пас кабул кунад ва додгох таъйид ва эълом карда буд, ки Парвиз махрияи Фуругро бо хохиши худи Фуруг напардозад, Парвиз махфиёна аз хонаводаи худ ва хонаводаи Фуруг ба Фуруг мепардозад то харчи сафари Итолиё бикунад.

Хатто вакто Фуруг ба у дубора баъд аз арзи ташаккур мегуяд ки Парвиз мисли хамеша чавонмардона бо у бархурд карда, аммо у ба микдори бештаре ниёз дорад то харчи сафари у комил гардад. Парвиз мисли хамеша хохишхои Фуругро ба анчом мерасонад ва дар иваз аз у хохиш мекунад, ки хеч вакт аз ин мубодилаи онхо харф назанад ва ин чун асрори доимии онхо боки монад. Шояд барои хамин аст ки Фуруг аз ин номахо дар чое наовардааст ва номахои Парвизро бо хохиши худи у нобуд кардааст. Аммо Парвиз, Парвизе ки аз ишки худ ба Фуруг хамеша лаб бастааст ва боре хам ба забон наовардааст ва ба кавли Фуруг бештар аз у ошик ва гамхор будааст, номахои Фуругро нигах доштааст ва тули умр аз ин номахо ки холо баъд аз марги ин марди сабур ва ин нардбоне ки Фуругро ба ситорахо расондааст, нашр шудаанд, мурокибат кардааст.

Аммо Умрони Салохи ки дар соли 1345 ба кавли худи у ба хайъати тахририяи "Тавфик", хафтаномаи танзи Эрон, ки он солхо мунташир мешуд, пайвастааст ва бо Парвизи Шопур, ки у низ танзнавис буд, ошно шудааст, Комёрро рози карда то ин номахоро чун чузъе аз торихчаи зиндагонии модари у Фуруг ба дасти дустдорони шеъри у бирасад.

Китоби мазкур аз бахшхои "Мукаддима", "Пеш аз пайванд", "Зиндагии муштарак", "Пас аз чудои" ва "Афзудахо" иборат аст, ки дар бахши "Пеш аз пайванд" Фуруг аз талошхои худ ва Парвиз менависад, ки чигуна хостааст аввал модар ва сониян бо сахтихои зиёд падари худро рози ба издивочи онхо кунад. Дар бахши "Зиндагии муштарак" номахо бештар аз норасоии чихозоти хонапардози ва надоштани хона, бо диккат ва бо салика

хариду чамъ кардани асбоби зисти ин ду навхона ва гох дар хонаи модари Парвиз ва гох дар хонаи модари худ зистани Фуруг, ба шахри дигар ба кор рафтани Парвиз ва дигар хушиву душворихои зиндагонии муштарак мегуяд.

Дар охири ин бахш Фуруг шуруъ мекунад ба навиштани номахои шикояти аз танхои ва дури аз шавхари азизу махбуби хеш, ки аёнан хамин дури боиси ба чудои расидани онхо шудааст.

Далоили чудоии Фуруг аз шавхараш

Номахои Фуруг далеланд, ки зиндагонии хушбахти заношуии онхо дер напоида ва зуд баъд аз таваллуди писараш Комёр ва нашри китоби дигари у ки номи Фуругро дар матбуоти замон ва ба забони ахли адаби Эрон меандозад, ба нофахмихои шавхараш Парвиз ва боиси рашкхои ба кавли Фуруг бедалели у мегардад. Фуруг талош карда ки пайванди худро бо шавхараш нигах дорад на барои фарзандаш, балки барои ин ки уро дуст доштааст ва хатто баъд аз чудои бо у низ хамчунон номахои ошикона ба у фиристодааст ва аз ишки побарчои худ ва дилтангихои бисёри худ аз огуш ва бусахои у гуфтааст. Хатто то дер, то охирин номаи ин китоби мазкур аз мутакои молии худ ба шавхараш овардааст, аз у кумак хоста ва арзи сипос бар ёрмандии у кардааст.

. Чаро маро дар миёни ин "мардуме ки чуз озор додани ман хадаф надоранд танхо гузоштаи. Ман наметавонам хар руз даъво кунам, хар руз кутак хурам."(сах.136)... "Биё ман хадди кофи танбех шудаам ман чуз ту хеч чиз намехохам Парвиз Парвизи ман ин чо хонаи ман аст бечора мо ки то ба хол тавонистаем дар ин лонаи фасод зиндаги кунем падар ва модари ман дар мукобили чашми ман ба руи хам хафттир мекашанд Ман метарсам ман девона мешавам ин чизхоро бибинам." (сах.139)

Шароити танги иктисодии Парвиз ба у ичоза намедод то Фуругро низ бо худ ба Техрон бибарад ва дар чавоби номахо мураттаб аз у мехост то бо он шароити номусоиди хонаводаги бисозад ва бо аъзои оилаи худ мадоро кунад. Чудоии дуру дароз ва ихтилофхои синни ва холатхои рухии боло-поини Фуруг дар номахо комилан аз чараёни наздик омадани чудои шаходат медиханд:

" Агар ман рузе ба ту хиёнат кардам, ту хак хохи дошт бадани маро хамон тур ки гуфтаи тика тика куни ва чашмхои маро бо ангуштхоят дарбиёвари ва ман хам хамин тур... Ман ба ту собит мекунам ки зан хастам ва зан бар хилофи тасаввури ту зеботарин шохкори вучуд аст. Зан дарёи лутфу мехрубонист. Зан вафодор аст ва ман туро дуст дорам. "(сах.164)

"Ман ночор хастам ки рочеъ ба кори китобам бо у сухбат кунам албатта ман беш аз яке ду бор бо у сухбат накардаам ва агар ман бихохам на бо у ки ин корро ба ухда гирифта сухбат кунам ва на бо Амири Кабир (нашрия) тамос бигирам он вакт баъд аз ин ки китоб чоп шуд ва пур аз галат буд чи коре аз дасти ман бармеояд." (сах. 183).

"...Агар аз ту чудо бишавам хотираи ишку мухаббати ту то поёни умр маро ранч хохад дод вале чи кунам ту инсоф дошта бош ман то он чо ки метавонам дастуроти туро ба кор мебандам Мачаллаи "Сухан" аз ман даъват кард нарафтам "Донишварон"ро хам навиштам ин чо мураттаб ба васоили мухталиф барои дидани ман икдом мекунанд вале ман ба хотири ту ба хотири ин ки фикр мекунам баъдхо хама чиз бароям фарохам хохад шуд маъзарат мехохам..." (сах.183-184).

"... ту худат бояд фахмида боши зеро ман хамон тур ки девонаи ишки вахшиёна ишки ачибу гайриоддии холи аз навозиш ва пур аз хушунат хастам хамон тур хам девонаи зиндагии озод ва бидуни дагдага хастам Ман дилам мехохад бо ту чунин зиндаги дошта бошам ва факат хозирам авомири туро итоат кунам на кавонини ичтимоъро" (сах.209). ..."Ман медонам ки ту баракси

ман тарафдори як зиндагии ором хасти вале метавонам бигуям ки ту хам аз ин ки мачбури аз ичтимоъ ва мухит итоъат куни ва пайрави куни норохат хасти."(сах.210).

"Ба чони Коми то ба хол чуз ба манзили момон ва манзили Пурон ба хеч чо нарафтаам ва хатто як шаб ба синамо нарафтаам ва албатта намедонам ту харфамро бовар хохи кард ё на."(сах.215).

Номахои баъд аз чудои

Фуруг баъд аз чудои бо шавхараш мехохад ба Итолиё сафар кунад ва дар ин мархалаи сахти моли низ боз хам Парвиз ба у пинхони пул мефиристад то орзуи Фуругро бароварда бошад: "Ман дустат дорам на барои ин ки ба

ман кумак мекуни на барои ин ки мувозиби ман хасти на барои ин ки ба ман пул медихи на барои ин ки фахмидаам хуб хасти ва азамати рухи туро хеч кас наметавонад дошта бошад."(сах.238)

"Дуруст аст ки зохиран ман дигар зани ту нестам аммо ту медони ва худо хам медонад ки боз хам моли ту хастам ва саропои вучудам мутаалик ба туст."(сах.245).

Фуруг ва писараш
Дигар аз дузахи хасратхои гузашта берун нахохам омад ва

Фуругро низ бо худ ба Техрон бибарад ва дар чавоби номахо

мураттаб аз у мехост то бо он шароити номусоиди хонаводаги

мураттаб аз у мехост то бо он шароити номусоиди хонаводаги
бисозад ва бо аъзои оилаи худ мадоро кунад. Чудоии дуру дароз

ва ихтилофхои синни ва холатхои рухии боло-поини Фуруг дар номахо комилан аз чараёни наздик омадани чудои шаходат медиханд:

" Агар ман рузе ба ту хиёнат кардам, ту хак хохи дошт бадани маро хамон тур ки гуфтаи тика тика куни ва чашмхои маро бо ангуштхоят дарбиёвари ва ман хам хамин тур... Ман ба ту собит мекунам ки зан хастам ва зан бар хилофи тасаввури ту зеботарин шохкори вучуд аст. Зан дарёи лутфу мехрубонист. Зан вафодор аст ва ман туро дуст дорам. "(сах.164)

"Ман ночор хастам ки рочеъ ба кори китобам бо у сухбат кунам албатта ман беш аз яке ду бор бо у сухбат накардаам ва агар ман бихохам на бо у ки ин корро ба ухда гирифта сухбат кунам ва на бо Амири Кабир (нашрия) тамос бигирам он вакт баъд аз ин ки китоб чоп шуд ва пур аз галат буд чи коре аз дасти ман бармеояд." (сах. 183).

"...Агар аз ту чудо бишавам хотираи ишку мухаббати ту то поёни умр маро ранч хохад дод вале чи кунам ту инсоф дошта бош ман то он чо ки метавонам дастуроти туро ба кор мебандам Мачаллаи "Сухан" аз ман даъват кард нарафтам "Донишварон"ро хам навиштам ин чо мураттаб ба васоили мухталиф барои дидани ман икдом мекунанд вале ман ба хотири ту ба хотири ин ки фикр мекунам баъдхо хама чиз бароям фарохам хохад шуд маъзарат мехохам..." (сах.183-184).

"... ту худат бояд фахмида боши зеро ман хамон тур ки девонаи ишки вахшиёна ишки ачибу гайриоддии холи аз навозиш ва пур аз хушунат хастам хамон тур хам девонаи зиндагии озод ва бидуни дагдага хастам Ман дилам мехохад бо ту чунин зиндаги дошта бошам ва факат хозирам авомири туро итоат кунам на кавонини ичтимоъро" (сах.209). ..."Ман медонам ки ту баракси

ман тарафдори як зиндагии ором хасти вале метавонам бигуям ки ту хам аз ин ки мачбури аз ичтимоъ ва мухит итоъат куни ва пайрави куни норохат хасти."(сах.210).

"Ба чони Коми то ба хол чуз ба манзили момон ва манзили Пурон ба хеч чо нарафтаам ва хатто як шаб ба синамо нарафтаам ва албатта намедонам ту харфамро бовар хохи кард ё на."(сах.215).

Номахои баъд аз чудои

Фуруг баъд аз чудои бо шавхараш мехохад ба Итолиё сафар кунад ва дар ин мархалаи сахти моли низ боз хам Парвиз ба у пинхони пул мефиристад то орзуи Фуругро бароварда бошад: "Ман дустат дорам на барои ин ки ба

ман кумак мекуни на барои ин ки мувозиби ман хасти на барои ин ки ба ман пул медихи на барои ин ки фахмидаам хуб хасти ва азамати рухи туро хеч кас наметавонад дошта бошад."(сах.238)

"Дуруст аст ки зохиран ман дигар зани ту нестам аммо ту медони ва худо хам медонад ки боз хам моли ту хастам ва саропои вучудам мутаалик ба туст."(сах.245).

Фуруг ва писараш

"Дигар аз дузахи хасратхои гузашта берун нахохам омад ва хамин кофи аст ки думартаба маро девона кунад. Сари худамро гарм мекунам. Китоб мехонам ва чиз менависам Комиро бурдам пеши модарат чун мухити манзили мо барои у хуб набуд. Ба илова ман худам дар манзил вазъияти хубе надорам ки у дошта бошад ба ин чихат тарчех додам ки аз у дур бошам ва у пеши модарат зиндаги кунад..."(сах.254).

"Баргашт ба тарафи ту ва тахаммули зиндагии махдуди хонаводаги бароям мушкил аст. Аммо гурехтан аз ту ва фаромуш кардани ту хам бароям макдур нест. Ту бароям муаммо шудаи ва хубихоят ранчам медихад. Парвиз як бори дигар менависам ки Комиро ба ту месупорам. Ту нагзор у набудани маро эхсос кунад. Он кадар дусташ дошта бош ки маро фаромуш кунад."(сах.275).

Аз ин самимияти номахо мешавад дарк кард ки Фуруг на бо Парвиз на бо даъвохои хонаводаги ва на бо дасткутохии моли ки албатта хамаи инхо мустакиман муассиранд, балки бо шинохти шахсияти номаъмули худ мушкил доштааст, ки бо гомхои калон-калон аз кучахои вакт ва одоти маъмулии мардуми эрони кадам задааст ва вокеияти онрузи чомеъаро аз оянда нигаристааст.

Ин китобро дуст доштам бо аксхои равшан аз симои Фуруг ва ахли хонаводаи у ки мисли хамаи наздикони наздики касони хунарманд ва гайри маъмул онхо низ по бо пои Фуруг байни мардуми одди ва дур аз дарки вокеии хунар гахе ба бад ва гахе бо ифтихор вирди забонхо шудаанд .

Ин номахо гуё аз маконе мегуфтанд ки Фуруг аз он гуша мисли паррандае ба осмони адабиёт парвоз кард ва самти тозаи худро баъдхо бо дардхо ва гамхои талху ширини тоза ба тоза пайдо кард ва аз субхи озодии як зан то

ба равшании чехраи як хунарманди асил ва вокеи расид ки бузургтарин орзуи у буд ва дуввум ин ки писараш низ ба майдони хунар омад. Аммо барои амали гаштани саввумин орзуи у хануз ба назарам вакт аст. Зеро гарчанд баъд аз марги у осораш дар Эрон пурнашртар гардидааст, аммо хануз баъзе аз тикахои ашъораш тахти фишори сонсури мазхаби хазф мешавад.

Холо баъд аз ин номахо метавонам шеъри Фуругро бехтар ба вокеияти манзури у наздиктар дарк кунам ва дубора мехонам... Дасти номахо пардаи каблиро ки ман дар шеърхои у медидам, бардоштааст.

Бозгашт

З-он номае ки доди з-он шиквахои талх

То ними шаб ба ёди ту чашмам нахуфтааст

Эй мояи умеди ман, эй такягохи дур

Харгиз маранч аз он чи ба шеърам нухуфтааст.

Шояд набуда кудрати онам ки дар сукут

Эхсоси калби кучаки худро нихон кунам

Бигзор то таронаи ман розгу шавад

Бигзор он чиро ки нухуфтам аён кунам.

То бар гузашта менигарам, ишки хешро

Чун офтоби гумшуда меоварам ба ёд.

Менолам аз диле ки ба хун гарка гаштааст

Ин шеър, гайри ранчиши ёрам ба ман чи дод.

Ин дардро чигуна тавонам нихон кунам

Он дам ки калбам аз ту ба сахти рамидааст

Ин шеърхо ки рухи туро ранч додааст

Фарёдхои як дили мехнаткашидааст.

Гуфтам кафас, вале чи бигуям ки пеш аз ин

Огохи аз дуруии мардум маро набуд.

Дардо ки ин чахони фиребои накшбоз

Бо чилваву чилои худ охир маро рабуд.

Акнун манам ки хаста зи доми фиребу макр

Бори дигар ба кунчи кафас ру намудаам.

Бугшой дар ки дар хама даврони умри хеш

Чуз пушти милахои кафас хуш набудаам

 

Шахзода Назарова  - BBC