ПАЙВАНД ЊОЛЛАНД
 
|
 



"Хаёт Неъмат "дар хабси хонагист

Яке аз наздикони Хаёт Неъмати Самарканди - раиси маркази фархангии точикон дар Самарканд гуфтааст, ки окои Неъмат бо хонаводаи худ дар хабси хонаги карор гирифтааст.

Ба гуфтаи вай, беш аз як хафта аст, ки ба далели катъи хар гуна рохи иртибот хешовандон ва дустони Хаёт Неъмат аз ахволи у ва хонаводааш хабаре надоранд.
Аммо ин хабар аз суи хич як аз макомоти Узбакистон расман эълом ё таъйид нашудааст
Хаёт Неъмат беш аз 10 сол аст, ки дар бинои маркази фархангии точикон, вокеъ дар махалли Кушхавзи Самарканд бо зану фарзандони хеш ба сар мебурд. Гарчанд ин маркази фарханги хеч гох аз чониби давлат ба расмият шинохта нашуд.
Озод Неъматзода, ки аз хешовандони наздики Хаёт Неъмат аст, мегуяд, намояндагони амнияти шахр шабу руз атрофи хонаи Хаёт Неъмат - шоъир ва нависандаи самаркандиро посбони мекунанд ва уро ба чурми накзи кавонин тахдид ба зиндон кардаанд.
Хабарнигори точики самарканди, ки нахост аз у ном оварда шавад, гуфт, ки мочарои хабси хонагии Хаёт Неъмат аз он чо шуруъ шуд, ки Хаёт Неъмат аз фарти тангдасти ба монанди бисёре аз мардуми шахр дар назди бинои марказ дуккони хурди дастфуруши боз кард.
Ин кор бо мумонеъати шахрдори ва пулис рубару шуд ва баъд аз тахриби дуккони дастфурушии Хаёт Неъмат вай эълом кард, ки даст ба гуруснанишини хохад зад. Ин мавзуъ боъиси хабси хонагии у ва зану фарзандонаш гардид, ки аз у чонибдори намудаанд.
Ин хабарнигори махалли акида дорад, ки бастани дуккони дастфуруши бахонае ба дасти пулис додааст, то аз фаъолиятхои ичтимоъии Хаёт Неъмат чилавгири кунад.
Даврон Сафозода, аз наккошони маъруфи самарканди, ки аз дустони Хаёт Неъмат аст, низ ин хабарро таъйид кард

Даврон Сафозода гуфт, ки Хаёт Неъмат аз 23 август то ба хол бо зану писари хеш дар хабси хонагист ва хеч гуна иртиботе бо чахони беруни надорад.

Хаёт Неъмат аз аввалин равшанфикрони точики самаркандист, ки баъд аз фурупошии Иттиходи Шурави дар назди бинои шахрдории Самарканд як хафта гуруснанишини намуд. Дар натичаи он гуруснанишини буд, ки точикони самарканди сохиби рузномаи вилоятии «Овози Самарканд» ба забони форсии точики шуданд. Ин рузнома то чандин сол бо кумаки моли ва маънавии маркази фарханги точикон ба табъ расид ва дар айни хол ба унвони рузномаи вилоятии давлати ба кори худ идома медихад.

Тайи дах соли гузагшта окои Неъмат дар сохтмони хамин маркази фарханги ба сар мебурд

Хамчунин Хаёт Неъмат дар рохи зинда нигах доштани теотри точик дар Самарканд талошхое ба харч додааст, ки натичае надоданд. Бо ин хама ин равшанфикри точик дар хадди раиси маркази фарханги ба фаъолиятхои фархангии худ идома дод ва аз чавонони боистеъдоди самарканди дастгири намуд, то навиштахои онхо дар матбуъоти форсизабони хоричи ба табъ бирасанд.

Хаёт Неъмат, бо вучуди ин ки аз кудаки дучори маълулият шудааст, аз фаъолтарин равшанфикрони точики самаркандист.
Маркази фархангии точикони Самарканд шинохтатарин махал барои махфилхои адаби ва хунари барои форсизабонони шахр буд.
Гарчанд ин бино чузъи осори хунарии карни 19 махсуб мешавад, ки зери назорати давлат аст.
Бинои маркази фархангии точикон соли 1991 дар паи тазохуроти донишчуён ва фаъолони сиёсии самарканди ба тасарруфи гурухе аз равшанфикрони точик даромад, ки то кунун ба рахбарии Хаёт Неъмати Самарканди зери сакфи он фаъолияти худро идома медоданд.
Бо ин хама матбуъоти махалли аз ин вокеъа хеч гузорише ба табъ нарасонда ва хеч як аз гуруххои фаъоли сиёси ва хукуки башар дар Самарканд аз он зикр накардаанд.

Дар холи хозир дар Самарканд боз як маркази фархангии гайрирасмии точикон ба сарварии Мирчалол Мирсаидов ва як маркази фархангии расмии тоза ба раёсати Абдулвахоб Вохидов - устоди забоншинос дар Донишгохи Давлатии Самарканд ба фаъолияти худ идома медиханд.

 

Сохтмони марказ соли 1991 дар пайи тазохуроти равшанфикрони точики Самарканд ба маркази фарханги табдил шуд

Шахзода Назарова  - BBC

8 september 2005