ПАЙВАНД ЊОЛЛАНД
 
|
 


 

 

АНЉУМАНИ ТОЉИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОНИ
ЉАЊОН – ПАЙВАНД

I. МУЌАРРАРОТИ УМУМЇ

1. 1. Анљумани тољикон ва форсизабонони љањон (аз ин пас - Анљумани Пайванд) созмони мустаќили ѓайридавлатї ва байналмилалист, ки ба хотири њифз ва бунёди арзишњо ва суннатњои муштараки таърихї ва фарњангии тољикон ва дигар мардумони форсизабон ба манзури густариш ва тањкими муносибатњои дўстона миёни онњо таъсис ёфтааст.


1. 2. Анљумани Пайванд фаъолияти худро тибќи Конститутсия ва ќонунњои Љумњурии Тољикистон, Эъломияи њуќуќи башар ва дигар асноди мўътабари њуќуќи байналмилалї, риоя ва эњтироми ќонунњои кишварњои марбут ва њамин Ойиннома анљом медињад.


1. 3. Анљумани Пайванд ба њама арзишњо ва эътиќоди писандидаи башарї эњтиром гузошта, аз талошњои роњи озодї, демократия, адолати иљтимої ва сулњи љањонї љонибдорї менамояд.


1. 4. Анљумани Пайванд њуќуќи тољикон ва форсизабонони љањонро сарфи назар аз аќоиди динї, мазњабї, сиёсї ва тааллуќоти милливу шањрвандиашон тибќи тартиботи муќарраршуда њимоят менамояд.


1. 5. Анљумани Пайванд нисбат ба ќазияњое, ки дар сатњи миллї ва байналмилалї ба сарнавишти тољикон ва њамватанону њамзабонон иртибот дорад, бетараф буда наметавонад ва ба њар гуна таассуб, барангехтани хусумат миёни миллатњо ва кишварњо, зўроварї ва истибдод мухолиф аст.


1. 6. Анљумани Пайванд аз лањзаи сабти ном дар Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон дорои њуќуќи шахси юридикї мегардад.


1. 7. Анљумани Пайванд шахси њуќуќї буда, дорои рамз, нишон ва мўњр мебошад.
СУРОЃАИ АНЉУМАНИ ПАЙВАНД, 734025, Љумњурии Тољикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рўдакї 107.


II. МАЌСАД ВА ВАЗИФАЊОИ АНЉУМАНИ ПАЙВАНД


2. 1. Анљумани Пайванд ба маќсади фароњам овардани фазои мусоид ва шароити муносиби њамкорї дар роњи тавсиа ва рушди муносиботи фарњангї, илмї, иќтисодї ва тиљоратї робитањои хамаљонибаро бо њамватанон ва њамзабонони бурунмарзї таъмин ва тањким мебахшад.


2. 2. Анљумани Пайванд пайваста ба таблиѓи афкори инсондўстї ва интишори арзишњои умумибашарии ёдгорињои маданию таърихии тољикон ва кулли форсизабонон саъй намуда, доир ба воќеа ва санањои муњими таърихї, илмї ва фарњангї, њамчунин ба муносибати љашни зодрўзи чењрањои барљастаи илму адаб ва фарњангу њунар конфронсу симпозиумњо, намоишгоњу озмунњои байналмилалї созмон медињад.


2. 3. Анљумани Пайванд бо созмонњои иљтимої, давлативу ѓайридавлатї ва марказњои фарњангии мушобењ дар саросари љањон барои њалли масъалањои марбут њамкорї мекунад.


2. 4. Анљумани Пайванд ба манзури фароњам овардани шароити мусоиди таълиму тадрис љињати тањсили њамватанон ва њамзабонони бурунмарзї дар Тољикистон ва дигар кишварњои љањон мусоидат мекунад. Ба маќсади иљрои ин њадаф сандуќи молии махсус таъсис менамояд.


2. 5. Анљумани Пайванд барои њамватанон ва њамзабонони бурунмарзї бањри шинохти њарчи бењтару бештари ватани таърихї ба забони тољикї-форсї ва дигар забонњо рўзнома, маљалла, маљмўањои адабї ва рисолањои илмию оммавї интишор мекунад.


2. 6. Анљумани Пайванд ба манзури густариши њамкорї ва робитањо аз љумлаи намояндагони илму адаб ва фарњангу њунар њайати сайёр ташкил намуда, ба хориља мефиристад ва чунин њайатњоро аз дигар мамолик дар Тољикистон ќабул мекунад

.
2. 7. Анљумани Пайванд дар заминаи тањќиќоти илмї, омўхтани сањми мардуми эронитабор дар рушду вусъати маънавият, маърифат ва фарњанги башарї бо марказњои илмиву пажўњишии љањон њамкорї менамояд.


2. 8. Анљумани Пайванд дар интишори осори пурарзиши таърихї ва фарњангии тољикону форсизабонон, омўзиши алифбои ниёгон ва густариши забони тољикї-форсї мусоидат намуда, ба ин маќсад бо ЮНЕСКО ва дигар созмону марказњои фарњангии байналмилалї њамкорї менамояд.

 

III. ВАЗЪИ ЊУЌУЌИИ АНЉУМАНИ ПАЙВАНД


3. 1. Вазъи њуќуќии Анљумани Пайвандро ќонунњои Љумњурии Тољикистон муайян мекунанд.


3. 2. Анљумани Пайванд дар роњи расидан ба маќсадњои ойинномавии худ њуќуќ дорад;
- дар бораи фаъолияти худ озодона маълумот нашр намояд;
- маљлисњо, гирдињамоињо, намоишњо, роњпаймоињои осоишта гузаронад;
- васоити ахбори умум таъсис дињад ва мувофиќи тартиби муќарраркардаи ќонунгузории љорї фаъолияти ноширї намояд;
- аз рўи масъалањои гуногуни њаёти љамъиятї бо ташаббусњо баромад намояд, ба маќомоти њокимияти давлатї пешнињодњо кунад;
- ваколатњои пешбиникардаи Ќонун дар бораи иттињодияњои љамъиятї ва ќонунњои дигарро оид ба шаклњои људогонаи ташкилотњои љамъиятї пурра иљро намояд;
- тибќи фаъолияти хеш аз рўи таъйинот амволи худро соњибї кунад, дар истифода соњибихтиёр бошад ва дар бонкњо суратњисоби пули миллии сомонї ва арзї дошта бошад;
- барои фароњам овардани манбаъи молии худ фондњо таъсис дињад ва фаъолияти тавлидї, бозаргонї ва хадамотиро дар дохил ва хориљи кишвар дар асоси тартиботи муќарраршуда анљом дињад;
- дар хориљи кишвар намояндагињо ва шўъбањои худро таъсис дињад.


3. 3. Анљумани Пайванд вазифадор аст;
- Конститутсия ва ќонунњои Љумњурии Тољикистон, асноди њуќуќии байналмилалиро, ки Тољикистон эътироф кардааст ва ба соњаи фаъолияти Пайванд дахл доранд, инчунин меъёрњои пешбиникардаи ойинномаи он ва дигар њуљљатњои таъсисиро риоя ва иљро намояд;
- њар сол ба маќомоти баќайдгирии иттињодияњои љамъиятї дар бораи идомаи фаъолияти худ бо нишон додани љои воќеъ гардидани маќомоти доимамалкунандаи роњбарї маълумот дињад;
- мувофиќи дархости маќоми сабти иттињодияњои љамъиятї ќарорњои маќомоти роњбарикунанда ва шахсони мансабдори иттињодияњоро, ки ба риояи маќсадњои ойинномавї марбутанд, пешнињод намояд ва намояндагони онро ба чорабинињои худ роњ дињад.

 

IV. АЪЗОИ АНЉУМАНИ ПАЙВАНД, ЊУЌУЌ
ВА ВАЗИФАЊОИ ОНЊО


4. 1. Њайати Анљуман аз љумлаи аъзои дастљамъї, инфиродї ва ифтихорї ташкил меёбад.


4. 2. Аъзои дастљамъии Анљумани Пайванд аз љумлаи кормандони маќомоти давлатї, муассисањои илмию таълимї, фарњангї, иттињодияњои љамъиятї, корхонањою ширкатњо ташкил мегарданд.


4. 3. Ба узвияти инфиродии Пайванд шахсони аз 18-сола боло, ки Ойинномаи Анљумани Пайвандро эътироф менамоянд, пазируфта мешаванд.


4. 4. Ба узвияти ифтихории Анљуман Пайванд аз љумлаи арбобони маъруфи љамъият, ањли илму адаб, фарњангу њунари љумњурї ва хориљї, ки дар тањкими дўстї, инкишофи робитањои фарњангї, вусъати њамкории њамаљонибаи миёни мардуми Тољикистон ва њамватанону њамзабонони бурунмарзї ва равнаќи фаъолияти Анљумани Пайванд њиссаи назаррас гузоштаанд, пазируфта мешаванд. Ба узви ифтихорї диплом ва нишони сарисинагї дода мешавад. Узви ифтихорї метавонад дар тамоми маъракањои Анљумани Пайванд њузур дошта бошад.
Пазириш ба узвияти Анљумани Пайвандро Кумитаи иљроия анљом медињад.


4. 5. Узвият дар Анљумани Пайванд ихтиёрї аст

.
4. 6. Узви Анљумани Пайванд њуќуќ дорад;
- дар тамоми чорабинињои Анљумани Пайванд ширкат намояд;
- доир ба тамоми масъалањои марбут ба фаъолияти Анљумани Пайванд андеша ронад ва пешнињод кунад;
- ба маќомоти рањбарии Анљумани Пайванд интихоб кунад ва интихоб шавад;
- эътироз намояд ва истеъфо дињад;
- аз тамоми љанбањои фаъолияти Анљумани Пайванд огањї ва иттилоъ дошта бошад.


4. 7. Узви Анљумани Пайванд вазифадор аст;
- Ойинномаро риоя кунад;
- њаќќи узвиятро пардозад (миќдори њаќќи узвиятро Кумитаи иљроияи Анљуман муайян хоњад кард);
- ба ќадри имкон ва тавон ба Анљумани Пайванд к.макњои моддї ва маънавї расонад;
- аз гуфтор ва кирдоре, ки ба њадафњои Анљумани Пайванд мухолиф аст, худдорї кунад;
- дар ташкил ва баргузор кардани маъракањои варзишию фарњангии Анљумани Пайванд фаъолона ширкат намояд, дар амалї сохтани наќша ва барномањои он сањм бигирад.

 

V. МАЌОМОТИ ИДОРИИ АНЉУМАНИ ПАЙВАНД

 

5. 1. Маќомоти идории Анљумани Пайванд аз инњо иборат аст;
- Маљлиси умумї (форум);
- Раиси Анљумани Пайванд;
- Шўро;
- Кумитаи иљроия;
- Комиссияи тафтишот;


5. 2. Маќоми олии роњбарии Анљумани Пайванд Маљлиси умумї аст, ки бо ширкати намояндагони аъзои дастљамъї, инфиродї ва ифтихорї, фиристодагони марказњои фарњангии њамватанону њамзабонони бурунмарзї дар њар панљ сол як мартаба баргузор мегардад. Маљлиси умумї дар сурате салоњият пайдо мекунад, ки дар он аз се ду њиссаи намояндагон ширкат дошта бошанд. Меъёри намояндагиро Шўрои Анљумани Пайванд муќаррар мекунад.


5. 3. Ваколати Маљлиси умумї;
- тасвиби Ойиннома, ворид кардани таѓйироту иловањо ба он;
- таъйини самтњои асосии фаъолияти Анљумани Пайванд дар зарфи панљ соли оянда;
- баррасии гузориши Шўро ва њисоботи Комиссияи тафтишот;
- интихоби Раиси Анљумани Пайванд, муовинони ў, аъзои Шўро, Комиссияи тафтишот, (Раис, муовинони ў, аъзои Шўро ва Комиссияи тафтишот бо раъйдињии ошкоро ба мўњлати 5 сол интихоб мегарданд);
- тасмими аз нав ташкилдињї ва барњамдодани Анљумани Пайванд.


5. 4. Дар мавриди зарурї бо ќарори Шўрои Анљумани Пайванд Маљлиси умумии ѓайринавбатї даъват карда мешавад.


5. 5. Ваколати Раиси Анљумани Пайванд;
- роњбарї ба фаъолияти Анљумани Пайванд ва Шўрои он;
- пешнињоди теъдод ва њайати шахсии аъзои Шўро, муовинони Раиси Анљумани Пайванд;
- раёсат дар Маљлиси умумї ва љаласањои Шўрои Анљумани Пайванд;
- имзои ќарорњои Маљлиси умумии љаласањои Шўро ва изњороти Анљумани Пайванд;
- татбиќи дигар ваколатњое, ки дар ин Ойиннома пешбинї шудааст.


5. 6. Миёни баргузории Маљлисњои умумї ба фаъолияти Анљумани Пайванд Шўро роњбарї менамояд. Раиси Анљумани Пайванд њамзамон Раиси Шўро мањсуб мегардад. Узви Шўро аз байни аъзои Анљумани Пайванд интихоб мешавад. Шумораи аъзои Шўроро Маљлиси умумї муайян мекунад.


5. 7. Љаласаи Шўрои Анљумани Пайванд соле на камтар аз як маротиба даъват мешавад.


5. 8. Ваколати Шўрои Анљумани Пайванд чунин аст;
- назорати иљрои ќарорњо ва супоришњои Маљлиси умумї;
- шунидани њисоботи Кумитаи иљроияи Анљуман ва арзёбии он;
- интихоби њайати Кумитаи иљроияи Анљуман;
- баррасии масъалаи даъвати Маљлиси умумии навбатї ва ѓайринавбатии Анљумани Пайванд;
- њалли масъалаи узвият ба ин ё он иттињодияи љамъиятї.


5. 9. Кумитаи иљроияи Анљумани Пайванд ба муддати 5 сол интихоб мешавад. Теъдоди аъзои он аз тарафи Шўрои Анљумани Пайванд муайян ва љаласаи он дар њар шаш моњ як бор баргузор мегардад.
5. 10. Ваколати Кумитаи иљроияи Анљумани Пайванд;


- пазириш ба узвияти Анљумани Пайванд;
- назорати дахлу харљи дороии Анљумани Пайванд;
- тарњрезии наќшањои солона ва дурнамои Анљумани Пайванд ва пешнињоди он ба Шўрои Анљумани Пайванд барои баррасї;
- таъмини иљрои ќарорњои Маљлиси Умумї ва Шўрои Анљумани Пайванд;
- андешидани тадбирњои созмондодани фаъолияти тавлидї, бозаргонї ва хадамотии Анљумани Пайванд;
- таъйини басти сохторї ва дастмузди кормандон;


5. 11. Кумитаи иљроияи Анљумани Пайванд барои њаллу фасли масъалањои ташкилии илмию эљодї, аз љумла созмон додани конфронс ва симпозиумњои байналмилалї ва таљлили љашни бузургони илму адаб бо ќарори худ Шўрои илмї-адабї таъсис медињад.


5. 12. Кумитаи иљроияи Анљумани Пайванд ба шахсоне, ки барои рафъи эњтиёљоти ин ташкилот аз корхонањо, фирмањо, бонкњо ва дигар созмонњои пуливу молї дар гузаронидани маблаѓе ба суратњисоби он мусоидат менамоянд, бо ќарори хеш фоизи муайянеро њамчун хизматона ва подош барояшон мепардозад.


5. 13. Раиси Кумитаи иљроияи Пайванд,
- ваколати муовини аввали Раиси Анљумани Пайвандро дорад;
- дар љаласањои гуногун намояндагї мекунад;
- кормандони басти Кумитаи иљроияи Анљумани Пайвандро таъйин ва озод мекунад;
- аз натиљаи корњои анљомдодааш ба Шўрои Анљумани Пайванд гузориш медињад;
- маъмури асосии маблаѓњои Анљумани Пайванд мебошад;
- ба асноди марбути фаъолияти Анљумани Пайванд имзо мегузорад;
- дар набудани Раиси Анљуман ва ё бо супориши ў ваколатњои Раисро иљро мекунад.


5. 14. Сохторњои тобеъии Анљумани Пайванд;
- барои амалї намудани маќсаду мароми хеш Анљумани Пайванд шўъба намояндагињо ва дигар сохторњои худро мувофиќи ќонунгузории кишварњое, ки дар он љо њамватанону њамзабонон зиндагї мекунанд, боз менамояд.


VI. КОМИССИЯИ ТАФТИШОТ

 

6. 1. Комиссияи тафтишот бо раъйдињии ошкоро аз љониби Маљлиси умумии Анљумани Пайванд ба мўњлати панљ сол интихоб мешавад. Њайати он аз раис ва ду аъзо иборат аст. Комиссия дар давраи њисобот вазъи пулию молии Анљумани Пайвандро тафтиш намуда, аз натиљаи он ба Маљлиси умумї гузориш медињад. Комиссияи тафтишот њуќуќ дорад барои санљиш ва баррасї аз аъзо ва рањбарияти Анљумани Пайванд њуљљат талаб кунад.

 

VII. ДОРОИИ АНЉУМАНИ ПАЙВАНД

 

7. 1. Анљумани Пайванд соњиби моликияти манќул ва ѓайриманќул ва буљаи молии мустаќил мебошад. Анљумани Пайванд имкон дорад, ки суратњисоби сомонї ва арзии худро дар дохили Љумњурии Тољикистон ва берун аз он дошта бошад, муомилот ва иќдомоти њуќуќиро анљом бидињад, фонди пулии худро фароњам оварад.


7. 2. Манобеи молии Анљумани Пайванд аз њисоби хайрияњо, њаќќи узвият, кумакњои аъзо ва алоќамандон, инчунин аз фаъолияти тавлидї, бозаргонї, хадамотї, ноширї, даромад аз намоишњо, лексияњо, музоядањо, чорабинињои варзишї, ташкили маросимњои фарњангї, консертњо ва дигар даромадњое, ки ќонун манъ накардааст, фароњам меояд.


7. 3. Анљумани Пайванд метавонад дар моликияти худ биноњо, сохтмон, иншоот, фонди манзил, наќлиёт, таљњизот, асбобу олот, маблаѓњои пулї, сањмияњо, ќоѓазњои ќиматнок ва дигар молу мулке дошта бошад, ки барои таъминоти модии фаъолияти он зарур буда, дар Ойинномааш нишон дода шудаанд.


7. 4. Дар моликияти Анљумани Пайванд муассисањо, нашриётњо, васоити ахбори умум вуљуд дошта метавонанд, ки онњо аз њисоби маблаѓњои њамин иттињодияи љамъиятї мувофиќи маќсадњои ойинномавї бунёд карда ва ё харида шудаанд.

 

VIII. ТАРТИБИ ДОХИЛ НАМУДАНИ ТАЃЙИРОТУ ИЛОВАЊО БА ОЙИННОМАИ АНЉУМАНИ ПАЙВАНД

 

8. 1. Таѓйироту иловањое, ки ба Ойиннома дохил мегарданд, аз љониби Маљлиси умумї ќабул карда шуда, бо тартиби муайянкардаи Ќонун ба ќайд гирифта мешаванд.

 


IX.ТАРТИБИ БОЗДОШТ ВА ЌАТЪ ГАРДИДАНИ ФАЪОЛИЯТИ АНЉУМАНИ ПАЙВАНД

 

9. 1. Фаъолияти Анљумани Пайванд бо ќарори Маљлиси умумии Анљумани Пайванд ва ё мувофиќи Ќонунгузории Тољикистон боздошта ё ќатъ карда мешавад.
Фаъолияти Анљумани Пайванд њамон ваќт ќатъ мешавад, ки агар аз се ду њиссаи аъзои Маљлиси умумї ба тарафдории он раъй дињанд. Маљлиси умумї њайати Комиссияи ќатъи фаъолияти Анљуманро таъйин менамояд. Ба Комиссияи ќатъи фаъолияти Анљуман њуќуќи идоракунии амволи Анљумани Пайванд вогузор мешавад.